Ташаккули ФБНА

ФБНА дар соли 2004 ҳамчун эҳтиром ба унвони яке аз маърипарварони маъруфи ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст; марҳум профессор Набиҷон Абдуллоев. Дар тӯли зиндагиаш ӯ мардуми кишвар, бахусус насли ҷавонро илҳом бахшид, ки ҳаёти худро дар самти ба даст овардани комёбиҳои илмӣ, аз ҷумла ҳифз ва ғанӣ гардонидани мероси миллии санъати тасвирӣ ва фарҳанги миллии худ намунагирӣ кунанд. Саҳми бузурги ӯ ба халқ ва кишвар дар соҳаҳои маориф, санъат ва фарҳанг боиси бунёди ФБНА, як фонди хайриявие гардид, ки ҳадафи он таҳаррук бахшидан ба орзуву талошҳои марҳум проффессор Набиҷон Абдуллоев мебошад.

Ҳадафи мо

Ҳадафи аслии ФБНА ( IFNA) баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар миёни мардуми ҷумҳурӣ ҷиҳати ба даст овардани комёбӣ дар соҳаҳои махсусгардонидашудаи таълим, санъат ё фарҳанг тавассути ташкил намудани чорабиниҳо ва барномаҳое мебошад, ки ба онҳо имконият медиҳад, то ба натиҷаҳои дилхоҳашон расанд ва умедворем, ки онҳо ба шаҳрвандони муфид ва самараноки кишвар табдил гарданд.

 

Ҳадафи дуввуми ФБНА- ( IFNA) ин тарбияи арзишҳои хуби иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки дар ҳаёти рӯзмарраи мардум меҳварӣ маҳсуб мешавад ва мудовим ҳифзи минбаъдаи ин арзишҳо, хусусан дар байни насли ҷавон ва насли ояндаи онҳо.