Дар бораи Фонд
Профессор Набиҷон Абдуллоев кист?
Профессори марҳум Набижон Абдуллоев омӯзгоре буд, ки ҷонибдори рушди илми муосир, фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар эҳё кардани асбобҳои мусиқии қадимаи анъанавии тоҷикӣ муваффақ гардида, дар миёни насли ҷавон шууреро ба вуҷуд овард, ки маҳз тавассути мусиқӣ метавон таърихи Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пайгирӣ кард.
Сабаби таъсисдиҳии Фонд дар чист?
Профессор Набижон Абдуллоев дар тӯли ҳаёти худ худро комилан ба баланд бардоштани сатҳи маориф дар кишвараш бахшида буд. Ӯ аҳамияти таълимро хуб дарк мекард ва медонист, ки танҳо тавассути ҷамъияте, ки дорои донишу маърифат аст, метавонад барои боло бурдани мақоми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кӯмак кунад. Маҳз ҳамин садоқати ӯ боис гардид, ки ҳамсари муътабараш, фарзандон ва дӯстонаш Фондеро таъсис диҳанд, то ормонҳои профессор Набижон Абдуллоеви марҳумро гиромӣ дошта, зинда нигоҳ доранд.
Фонд кай таъсис ёфтааст?
Фонд санаи 2-юми феврали соли 2004 таъсис ёфтааст. (№ 1340).
Фонд дар куҷо ҷой гирифтааст?
Фонд дар ш. Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Фонд чӣ гуна маблағгузорӣ мешавад?
Фонд маблағҳои худро аз хайрияҳои ҷамъиятӣ ва саҳмияҳо ба даст меорад.
Фонд оид ба фаъолиятҳои амалиаш чӣ гуна ҳисобот медиҳад?
Ҳамаи фаъолиятҳои соҳибкорӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор доранд ва аз ҷониби Шӯрои нозирон тасдиқ карда мешаванд. Системаи аудити дохилӣ барои санҷиши ҳамаи муомилаҳои молиявӣ таъсис ёфтааст ва ҳисоботи солона барои тасдиқ ба Шӯро пешниҳод карда мешавад.
Фонд бо саҳмҳо чӣ кор мекунад?
Фонд дорои маҷмӯи ҳадафҳо дар самти маориф мебошад. Бар асоси ин ҳадафҳо, як қатор лоиҳаҳо ва вазифаҳои корӣ муайян карда мешаванд. Ҳар як лоиҳа ё вазифаи корӣ дорои арзиши молиявии мушаххас буда, ба он дараҷаи авлавият дода мешавад. Сипас Шӯрои нозирон оид ба интихоби лоиҳа ё вазифаи корӣ ва ҳаҷми саҳмгузорӣ қарор қабул мекунад.
Фонд чӣ гуна иҷрои мақсадҳои донорҳоро таъмин мекунад?
Донорҳо худашон метавонанд қарор қабул намоянд, ки чӣ гуна ва бо кадом мақсад саҳмҳояшон сарф карда шавад. Вазифаҳои Фонд заминаро ҷиҳати тақсимоти пардохтҳо ташкил кардан аст. Фонд ҳисоботи солонаро интишор мекунад, ки дар он ҳолати суратҳисоб ва хароҷоти саҳмҳо инъикос мешавад.
Чанд фисади қисми хайрия ҷиҳати хароҷоти маъмурӣ барои идораи Фонд сарф карда мешавад?
Тахмин меравад, ки аз 5% то 10% тамоми хайрияи гирифташуда ҷиҳати идораи Фонд истифода мешавад.